Мулоқот бо Раиси Раёсати Анҷумани соҳибкорони Қатар ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг”

Санаи 28 январи соли 2025 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Раёсати Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Қатар ҷиҳати рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардида, тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои соҳаҳои гидроэнергетика, саноату истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон махсус қайд шуд.

Ба мақсади баргузории форумҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” байни ду кишвари дӯст, ҷонибҳо доир ба сафари Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ ба Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad