Мулоқоти сафир бо намояндаҳои ширкатҳои қатарӣ

Санаи 19 феврали соли 2025 cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори рушд ва татбиқи лоиҳаҳои ширкати қатарии “Диёр” – роҳбари лоиҳаи Диёри Душанбе Ид ал-Қаҳтонӣ ва намояндаҳои ширкати саҳомии Urbacon Trading & Contracting (UCC) Жан Элиас Акарӣ ва Мусо Набир мулоқот намуд.

Дар мулоқот фаъолияти ширкати “Диёри Қатар” – лоиҳаи Диёри Душанбе ва ширкати саҳомии Urbacon Trading & Contracting (UCC) дар Тоҷикистон ва идомаи раванди татбиқи лоиҳаи сармоягузории “Диёри Душанбе” дар марҳилаҳои дуюм ва сеюм баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки сармоягузории ширкати “Диёр»-и Қатар дар татбиқи лоиҳаҳо дар бахши сохтмон ва рушди зерсохтори шаҳрӣ дар тавсеа ва таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст нақши муассир мебозад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкориҳо бо ширкати саҳомии Urbacon Trading & Contracting (UCC) дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва биносозӣ баррасӣ гардида, роҳҳои тавсеаи робитаҳои соҳибкорони ду кишвар дар самти сармоягузории лоиҳаҳои марбут ба зерсохтори сайёҳӣ, инчунин истифодаи зарфиятҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таъкид гардиданд.

Ҳамзамон, роҳҳои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба корхонаҳои ин ширкатҳои бонуфуз дар Қатар баррасӣ гардид.

Дар хотима, ҷонибҳо баргузор намудани вохӯриҳои мунтазами соҳибкорони соҳавии Тоҷикистону Қатарро ба мақсади роҳандозии ҳамкориҳои бештар зарур шумориданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad