Истиқболи Давлати Қатар аз созиши марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Давлати Қатар аз имзои созишномаи аломатгузории марз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол намуда, онро як қадами муҳим дар самти таҳкими амнияту субот байни ду кишвар ва доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) арзёбӣ мекунад.

Вазорати корҳои хориҷӣ омодагӣ ва тааҳҳудоти ҳарду кишварро барои ҳалли масъалаҳо тавассути муколама ва ба ин васила пеш рафтан ба ҳамкориҳои созанда, ки ба манфиатҳои муштараки онҳост, ситоиш мекунад.

Вазорат тасдиқ мекунад, ки Давлати Қатар ба ҳама талошҳое, ки ба ҳалли баҳсҳо ва низоъҳо бо роҳи осоишта ва ба мақсади таҳкими сулҳу амният дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудаанд, мусоидат менамояд.

 

Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad