Мулоқоти сафир бо раиси Парлумони Давлати Қатар

17 марти соли 2025 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Парлумони (Маҷлиси Шӯро) Давлати Қатар Ҳасан ибни Абдуллоҳ Ал-Ғоним баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо раванди рушди робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла таҳкими қонунгузорӣ, муносибатҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкориро муҳокима намуда, нақши парлумонҳо ва Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон, ба роҳ мондани табодули сафарҳо ва танзими барномаҳои муштараки таълимӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар бахши фаъолияти парлумонӣ баррасӣ гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad