Мулоқоти сафир бо вазири давлатӣ доир ба тиҷорат ва саноати Қатар
19 марти соли 2025 дар шаҳри Давҳа мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо вазири давлатӣ доир ба тиҷорат ва саноати Давлати Қатар доктор Аҳмад ибни Муҳаммад Ал-Сайид баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ, бахусус роҳҳои афзоиши ҳаҷми савдои хориҷии байни ду кишварро ба инобати баргузории форумҳои тиҷоратию сармоягузории муштарак баррасӣ намуданд.
Дар фарҷом, ҳавасмандии ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор гардида, омодагии онҳо ҷиҳати тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои мухталиф таъкид шуд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar