Қатар аз имзои Шартномаи таърихии сеҷониба ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ истиқбол кард
Давлати Қатар аз санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон доир ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ истиқбол кард.
Дар изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷӣ ин кишвар ҳамчунин зикр шудааст, ки Давлати Қатар изҳори умедворӣ мекунад, ки созиш ба таҳкими ҳамкорӣ ва дастёбӣ ба ҳамгироӣ байни се кишвар ва таҳкими амнияту субот миёни кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар бори дигар ҷонибдории комили ин каишварро аз ҳама талошҳое, ки ба ҳалли баҳсҳо ва низоъҳо бо роҳи осоишта ва ба мақсади таҳкими сулҳу амният дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудаанд, таъкид кард.
Маврид ба зикр аст, ки изҳороти мазкур ба таври васеъ дар васоити ахбори оммаи кишвари иқомат, аз ҷумла Телевизиони давлатии Қатар инъикос гардид.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar