Эълони сабти номи намояндагони васоити ахбори омма барои бозтоби Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро лозим аст, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур дар торнамои расмии Конфронс то 15 майи соли 2025 тавассути ҳамин пайвандак (https://qrc.mfa.tj/registration?eventId=2f3f91f2-f8ac-44e6-aacf-e3d0f96e76e7"aId=4f1d30b3-325c-436b-8f0f-77c905d72d78) аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.
Иштирок дар чорабинӣ имконият фароҳам меорад, ки аз ҷараёни форумҳо, сессияҳои мавзуӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд иттилооти муфид дастрас гардад. Дар доираи онҳо мансабдорони сатҳҳои гуногун аз кишварҳои мухталифи дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин коршиносони варзидаи соҳа иштирок ва суханронӣ мекунанд. Конфронс имконияти арзанда барои инъикоси ҳамаҷонибаи мавзӯъ ва равшаннамоии ҷанбаҳои муҳими чорабинӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar