Мулоқоти Сафир бо директори генералии ширкати “Диёри Қатар”
Санаи 16 апрели соли 2025 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии ширкати “Диёри Қатар” Алӣ Муҳаммад Алӣ доир гардид.
Дар мулоқот масоили вобаста ба сармоягузориҳои ширкати Диёри Қатар тавассути лоиҳаҳои бунёди шаҳраки “Диёри Душанбе” бо иловаи як қатор иншооти муҳим дар оянда ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.
Дар ин замина, ба мақсади ҷалби бештари сармояи қатарӣ ҷиҳати бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ ва рушди зерсохтори сайёҳӣ ҷонибҳо доир ба сафари директори генералии ширкат Алӣ Муҳаммад Алӣ ба Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar