Мулоқоти Сафир бо Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар

17 апрели соли 2025 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар доктор Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Субайъӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва натиҷаҳои манфии он, роҳҳои коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими иқтидорҳои соҳавии мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, иштироки ҳайати Вазорати муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки санаҳои 29-31 майи соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, муҳокима гардид.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ доир гардида, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда нақшагузорӣ карда шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar

Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar

 

 

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad