Мулоқоти Сафир бо роҳбари бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар”
17 декабри соли 2025 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо роҳбари бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” Муҳаммад Абдураззоқ Ал-Ҳошимӣ доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба идомаи сармоягузориҳои ширкати “Диёри Қатар” дар доираи татбиқи лоиҳаи сохтмони шаҳраки “Диёри Душанбе” ва бунёди як қатор иншооти муҳими иловагӣ дар оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.







