Мулоқоти сафир бо директори генералии ширкати хатсайрҳои қатарӣ (Qatar Airways)

6 январи соли 2026 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо роҳбари навтаъйини гурӯҳи ширкати хатсайрҳои қатарии (Qatar Airways) Ҳамад Алӣ Ал-Хотир баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, рушди робитаҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар, аз ҷумла ифтитоҳи парвозҳои мустақимро баррасӣ намуданд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






