Вохӯрӣ бо Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қатар
21 апрели 2019 дар шаҳри Давҳа вохӯрии Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Давлати Қатар Ҷосим бин Сайф ал-Сулайтӣ бо директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва нақши он дар таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ва инчунин имкониятҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҷониби Қатар изҳор дошт, ки омода аст дар омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои рушди соҳаи ҳавопаймоии мадании Тоҷикистон мусоидат намояд.