Давлати Қатар бо мақсади мубориза бар зидди COVID-19 ба Тоҷикистон дастгоҳҳои тиббӣ тақдим намуд
3 сентябри соли 2020 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани кумаки башардӯстонаи тиббӣ аз ҷониби Давлати Қатар доир гардид. Кумакҳои башардӯстона бо мақсади мубориза бар зидди бемории COVID-19 равона шуда, аз дастгоҳҳои вокуниши занҷиравии полимеразӣ, ки маблағи умумиашон 250 ҳазор доллари ИМА-ро дар бар мегирад, иборат мебошанд.
Зимни супоридани кумакҳо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар сухан карда, иброз намуд, ки муносибатҳои ду давлат аз сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000 ба ин давлат ибтидо мегиранд. То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар якчанд ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расида, барои мустаҳқам намудани муносибатҳои мутақобилан судманди ду давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овардаанд.
«Давлати Қатар дар расонидани кумак ба муҳтоҷону ниёзмандон ва зарардидагони офатҳои табиӣ дар ҷаҳон нақши фаъол дошта, соҳаи тандурустӣ ва амнияти ҷомеаи шаҳрвандиро дар мадди аввал қарор додааст. Ин аст, ки аз ибтидои пайдоиши COVID-19 захира ва имкониятҳои хешро баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин вабо равона менамояд. Ин ҷо бо боварӣ метавон гуфт, ки кумакҳои башардӯстонаи мазкур тибқи риояи муқаррароти беҳдоштӣ қабул ва ба муассисаҳои тиббии мамлакат, ки дар онҳо беморони гирифтори коронавирус табобат мегиранду ба ин гуна таҷҳизот ниёз доранд, расонида мешаванд»,- гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Ҳамчунин Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдуллоҳ доир ба ҳамкории ду давлати бо ҳам дӯст сухан карда, зикр намуд, ки кумакҳои мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Амири Давлати Қатар баҳри пешгирии бемории COVID-19 ва дастгирии Ҳукумат ва мардум ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мегарданд.
«Имрӯз бемории COVID-19 дар тамоми давлатҳо паҳн гардидааст ва давлати мо низ аз таъсири он дар амон нест. Аз ин рӯ бо азму ирода ва талошҳои нек кумаки Давлати Қатарро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем, то аз ин вазъият берун ояд. Мо бо тамоми кишварҳо танҳо орзуи онро дорем, ки дар як саф паҳлӯи ҳам истода, бар зидди ин беморӣ мубориза барем»,- афзуд Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдуллоҳ.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат ҷиҳати расонидани кумак баҳри мубориза бар зидди бемории COVID-19 ба Давлати Қатар изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.