Мулоқот бо Раиси шӯрои мудирони Гурӯҳи ширкатҳои “НААС” ( NAAAS HOLDING)
Рӯзи 6 январи соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Раиси шӯрои мудирони Гурӯҳи ширкатҳои “НААС” ( NAAAS HOLDING) ҷаноби Носир Ҳасан Ал-Ҷобир мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбат атрофи роҳандозии ҳамкориҳои ширкати мазкур бо доираҳои алоқаманди Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, саёҳат ва хидматрасонӣ, логистика, ҷалби нерӯи корӣ ва танзими намоишгоҳҳои маҳсулоти ватанӣ табодули назари судманд сурат гирифт.