Мулоқоти Сафир бо роҳбарияти Анҷумани мустақилли ҷаҳонии Қатар (QIGA)
Рӯзи 25 феврали соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо муассис ва узви Шӯрои мудирони Анҷумани мустақилли ҷаҳонии Қатар ( Qatar Independent Global Association — QIGA ) ҷаноби Фират Ягмур ва коршиносони ин анҷумани байналмилалии тиҷоратӣ мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ самтҳои асосии фаъолияти Анҷуман дар ҷиҳати пешбурди лоиҳаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ дар Қатар ва хориҷ аз он ва дигар хадамоте, ки ин Анҷуман барои тавсеаи робитаҳои байналмилалии тиҷоратӣ анҷом медиҳад, муаррифӣ шуданд. Роҳбарияти ин Анҷуман, бо дарназардошти сатҳи олии муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Қатар ва имкониятҳои бузурги сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ дар ду кишвар, аз ширкату корхонаҳои тиҷоратию саноатии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ба сифати узви Анҷуман тарҳҳои тиҷоратию сармоягузориҳоро дар ҳамкорӣ бо доираҳои иқтисодии Қатар татбиқ намоянд. Анҷумани мазкур ҳамчунин дар ҷиҳати танзими сафарҳои мутақобили соҳибкорони тоҷику қатарӣ ба кишварҳои ҳамдигар, баргузории конфронсу намоишгоҳҳо барои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва мубодалаи иттилоот ва таҷриба дар соҳаи тиҷорати байналмилалӣ алоқамандӣ зоҳир намуд.
Қарор шуд, ки дар фурсатҳои наздик Анҷумани мазкур дар ҳамкорӣ бо Сафорат рӯнамоии имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро бо ҳузури аъзои Шӯрои мудирони Анҷуман ва соҳибкорони қатарӣ ташкил хоҳад кард.