Конфронси матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Давҳа оид ба авлавиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ
22 марти 2021 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар конфронси матбуотиро дар бораи авлавиятҳои раёсати кишварамон дар Созмони ҳамкории Шанхай бо ҳузури роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Давҳа ва васоити ахбори оммаи Қатар танзим намуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода авлавиятҳои раёсати кишварамон дар созмони мазкурро барои солҳои 2020-2021 рӯнамоӣ карда, ҳамчунин роҷеъ ба аҳаммияти чорабиниҳои гуногуне, ки баргузории онҳо дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ пешбинӣ ва ба таҳкими баъдии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини амну суботи минтақа равона шудаанд, маълумот дод. Таъкид гардид, ки раёсати Тоҷикистон дар СҲШ, ки ба ҷашни 20-солагии таъсисёбии ин созмон рост меояд, аз ҷиҳати тавсеаи фаъолиятҳои созандаи Созмони ҳамкории Шахай ва такмили иқтидори он саҳми шоистаю назаррас хоҳад гузошт.