Дар партави Анҷумани 10-уми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон

Рӯзи 8 апрели соли ҷорӣ соҳибкори форсизабони қатарӣ ҷаноби Забеҳулло Ҷобирӣ аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар боздид намуд. Дар ҷараёни суҳбат перомуни ҳузури эшон ва дигар форсизабонони муқими Қатар дар кори Анҷумани 10-уми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” ва тантанаҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон , ки баргузории онҳо дар моҳи сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шудаанд, табодули назари судманд сурат гирифт.

Ҷаноби Ҷобирӣ аз нақши таърихии Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои асили фарҳангӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва тақвияти робитаҳои форсизабонони ҷаҳон самимона ситоиш кард ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон рушду шукӯфоии беш аз пешро таҳти раҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзӯ намуд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad