Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.

Ба ин муносибат кулли сокинони кишварро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад.

Дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонида, мушкили онҳоро осон мегардонад.

Тоҷикон ин фаризаҳои дини мубини исломро то ба имрӯз идома дода, бо парҳезгорӣ, тоату ибодат, хайру саховат, некиву накӯкорӣ, эҳтироми падару модар ва хешовандону калонсолон шуҳрат пайдо кардаанд.

Мо фаризаҳои ин моҳи муборакро имсол дар айёми омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ, яъне 30-солагии истиқлоли давлатӣ амалӣ месозем.

Ин рӯйдоди таърихӣ, яъне истиқлолу озодӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихору саодат ба шумор меравад, зеро он чароғи зиёбахши роҳи имрӯзу ояндаи мардуми мо мебошад.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ мо дар ҷодаи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо қадамҳои устувор пеш меравем ва бовар дорем, ки бо азму талоши содиқонаи мардуми шарифи кишвар раванди ободкориву созандагиро вусъати бештар бахшида, дар ояндаи наздиктарин Ватани маҳбубамонро ба як мулки зебову пешрафта мубаддал мегардонем.

Воқеан, аз дидгоҳи дини мубини ислом муҳаббат ба халқу Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифз кардану обод намудани он қарзи муқаддас ва вазифаи имонӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин, яке аз фазилатҳои дини мубини ислом покиву тозагӣ мебошад.

Дар моҳи шарифи Рамазон ҳар як шахс бояд барои покии ҷисму рӯҳ, ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона ва маҳалли зисти худ саъю кӯшиш намояд. Зеро ободонии кӯчаву маҳалли зист аз замонҳои қадим хислати мардуми заҳматдӯст ва озодаву озодипарасти мо мебошад.

Бахусус, имрӯзҳо, ки фасли баҳор аст, мо бояд аз ҳарвақта бештар кор кунем, рӯзии худ ва аҳли хонадонамонро бо заҳмати ҳалол муҳайё намоем ва дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузорем.

Дар асоси таъкиди уламои шариат ва фақеҳони дини мубини ислом шахсоне, ки дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд, касбашон ба таъмини маводи озуқа вобаста аст ё дар соҳаҳои саноату истеҳсолоти вазнин машғул мебошанд, рӯзадорӣ барои онҳо боиси душвориву машаққат мегардад.

Аз ин лиҳоз, хӯрдани рӯза барояшон иҷозат дода шудааст ва онҳо метавонанд дар вақти мусоиди дигар рӯзаи худро анҷом диҳанд.

Саломатӣ сарвати бебаҳо ва умр неъмати бузургтарин барои ҳар як инсон мебошад ва ҳар як фарди солимфикр бояд ба қадри онҳо расад.

Соли 2021 бо тамоми аломатҳояш ва тибқи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон аз солҳои гузашта фарқи куллӣ дорад.

Бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид – 19 вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардида истодааст.

Дар натиҷаи болоравии нархҳо ва камчинии озуқаворӣ, аллакай аҳолии 20 кишвари дунё дар ҳолати гуруснагӣ ва фақру қашшоқӣ қарор дорад.

Дар чунин шароит мо бояд тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоро барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва захираи он сафарбар созем.

Хусусан, ки Рамазони имсола ба мавсими авҷи киштукор ва гузоштани замина барои ҳосил рост омадааст, мо бояд, пеш аз ҳама, дар фикри истеҳсоли маҳсулот, таъминоти аҳли оилаи худ ва захираи маводи ғизоӣ бошем ва мушкилоти дар дунё бавуҷудомадаро ҳазл нашуморем.

Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи эҳсону накӯкорӣ ва хайроту садақот мебошад. Яъне шахсоне, ки имкони молиявии мусоид доранд, метавонанд ба хотири соҳиби савоб гардидан, алалхусус, дар моҳи Рамазон ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзмандон дасти хайру саховат дароз кунанд.

Ҳадяву подоши ҳар як инсон аз ҳиммати ӯ вобаста мебошад, зеро ҳиммати баланд доштану ба ниёзмандон дасти сахо дароз намудан, тибқи таълимоти ислом, ҳатман мавриди эҳсони Худованди бахшоянда қарор мегирад.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки кумаку дастгирии ятимону маъюбон солҳои охир дар кишвари мо ба ҳукми анъанаи нек даромадааст.

Мувофиқи фармудаи дини ислом луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд ба рӯзгор ва хонадон мегардад.

Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд, ба ивази ин амали нек сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд.

Дар акси ҳол, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, махсусан, дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад.

Дар ин маврид Паёмбари ислом фармудааст: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод».

Дигар зуҳуроте, ки амали носавоб шуморида мешавад, исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ мебошад.

Чордаҳ сол қабл мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро қабул кардем, ки самараву натиҷаҳои мусбати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат дар рӯзгори оилаи худ возеҳ дида истодааст.

Зарур аст, ки мардуми кишвар минбаъд низ ҳангоми баргузории маросиму маъракаҳо талаботи қонуни миллиро, ки фақат ба манфиати онҳо нигаронида шудааст, қатъӣ риоя намоянд.

Ба ҷойи баргузории маъракаҳои зоҳирпарастонаву намоишкорона ва пурдабдабаву серхароҷот мо бояд ба фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои оила ва фарзандони худ, амалҳои хайру эҳсонкорӣ, ободии маҳалли зист, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ободонии диёр иқдом намуда, саҳми шоистаи худро ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – 30-солагии истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон гузорем.

Бовар дорам, ки мардуми ҳимматбаланди мо баробари риояи рукнҳои моҳи муборак корҳои хайру савобро боз ҳам густариш бахшида, саҳми худро дар ободии Ватан, пешрафти давлат, оромии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мегузоранд.

Бори дигар фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба тамоми мардуми кишвар таҳният гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар хонавода саломатӣ, хушҳоливу хушрӯзӣ, ризқу рӯзии фаровон ва иқболи нек орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарфароз бошед, ҳамватанони азиз!

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad