Суҳбати телефонӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти сӯҳбат Сарвари давлати мо ба Президенти Туркманистони дӯст таъзия ва тассалиёти амиқи худро дар робита ба талафоти гарон – фавти падарашон Мяликгули Бердимуҳамедович Бердимуҳамедов изҳор намуданд.

“Дар ин рӯзҳои ғамангез ба Шумо ва пайвандону наздиконатон матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил мехоҳам”, таъкид доштанд Пешвои миллат.

Ҳамчунин, ҷонибҳо атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин зимн, президентҳои ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик мулоқоти машваратии вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин ҷаласаи навбатии комиссияи муштаракаи байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо мақсади баррасии ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баргузор намоянд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad