Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти мубориза алайҳи маводди мухаддир

Рӯзи 9 июни соли 2021 дар шаҳри Давҳа вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Мудири кулли Сарраёсати мубориза алайҳи маводди мухаддири Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар Аҳмад Халифа Ал-Куворӣ баргузор шуд.

Дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши ду кишвари дӯст дар самти таъмини амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза алайҳи маводди мухаддир ва таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷониби Қатар Стратегияи нави зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030-ро баланд арзёбӣ намуд ва дар ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Стратегияи мазкур, ки ҳамчунин ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муборизаи муштарак бар зидди гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ равона шудаанд, омодагӣ ва алоқамандии худро иброз дошт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар фурсатҳои наздик ба мақсади табодули таҷриба, таҳия ва татбиқи муштараки барномаҳои соҳавӣ ва эҷоди абзорҳои ҳамкорӣ вохӯриҳо ва табодули ҳайатҳои мақомоти зиддимухаддиротии ду кишвар танзим карда мешаванд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad