Вохӯрӣ бо Намояндаи махсуси Қатар оид ба мубориза бо терроризм
16 апрели соли 2018 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Намояндаи махсуси Вазири корҳои хориҷии Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ ал-Қаҳтонӣ мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза алайҳи таҳдидҳои амниятӣ бо дарназардошти ҳадафҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштараки ду кишвар табодули назари судманд сурат гирифт.