Таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Қатар

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа 11 сентябри 2021 ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии идонаро бо ҳузури ҳамватанони муқими Давлати Қатар танзим намуд.

Дар оғози чорабинӣ ҳамватанони муқими Қатар дастаҷамъона суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шуниданд ва роҳпаймоии ҷашнӣ ва консерти идонаро, ки рӯзи 9 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати беназир баргузор шуданд, тамошо карданд.

Ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ ва ба мақсади таблиғи фарҳангу забони тоҷикӣ, расонидани кумаку машваратҳои лозим ба ҳамватанон ва мусоидат ба рушди робитаҳои байнимардумӣ таҳти сарпарастии Сафорат Ҷамъияти тоҷикони муқими Қатар таъсис ёфт.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои ҳозирин дастархони идона ороста шуд.

 

 

 

 

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad