Вохӯрӣ бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Қатар

15 сентябри 2021 дар Давҳа вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Қатар Султон ал-Мурайхӣ баргузор шуд.

Дар рафти суҳбат роҳҳои рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд. Алоқамандии мутақобил ба барқарор доштани тамосҳои мунтазам байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ва тавсеаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дурнамои ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назари судманд анҷом доданд. Дар ин замина ҷониби Қатарӣ аз мавқеи созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми барҷастаи Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва тақвияти нақши абзорҳои бисёрҷонибаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ситоиш кард.

 

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad