Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ вусъат мебахшанд

 

Рӯзи 15 ноябри соли 2021 дар шаҳри Давҳа мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо раиси Муассисаи фарҳангию сайёҳии Давлати Қатар доктор Холид Иброҳим Ал-Сулайтӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи сайёҳӣ, ки ҳамчунин ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ мусоидат мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар наздиктарин фурсат нақша ва барномаҳои танзими чорабиниҳои муштаракро ба мақсади муаррифии имкониятҳои гардишгарӣ дар кишварҳои ҳамдигар, танзими намоишгоҳҳои марбут ба саёҳат ва ҳунарҳои мардумӣ бо шумули барномаҳои фарҳангӣ таҳия хоҳанд кард.
Хотиррасон мешавем, ки ҳайати кишварамон таҳти раҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ “Qatar Travel Mart 2021”, ки дар шаҳри Давҳа рӯзҳои 16-18 ноябри соли 2021 баргузор мешавад, ширкат хоҳад варзид.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad