Мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони Қатар
Мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони Қатар
Рӯзҳои 16 ва 17 ноябри соли 2021 дар шаҳри Давҳа раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо доираҳои соҳибкорон ва сармоягузорон вохӯриҳо анҷом дод.
Дар рафти мулоқот бо соҳибкори бонуфузи қатарӣ ва муассиси бонки байналмилалии исломӣ Шайх Алӣ Абдуллоҳ Сонӣ Оли Сонӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ва таъсиси ширкатҳои муштарак дар ин соҳа баррасӣ шуданд. Қарор шуд, ки дар оғози соли оянда гурӯҳи соҳибкорон ва сармоягузорони қатарӣ ба мақсади шиносоӣ бо зерсохтори саёҳатии кишвар ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар ин соҳа боздиди корӣ аз Тоҷикистон анҷом хоҳад дод.
Роҳҳои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин зимни мулоқоти Тоҷиддин Ҷӯразода бо Носир Ҳасан ал-Ансорӣ -Раиси шӯрои ширкати “Just Real Estate” ва дигар намояндагони доираҳои соҳибкорон ва сармоягузорони қатарӣ баррасӣ шуданд.