Вохӯрӣ бо мудири Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Қатар
Рӯзи 21 ноябри соли 2021 дар Давҳа вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо мудири Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷаноби Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Субейъӣ баргузор шуд.
Дар он дидор масъалаҳои тавсеаи муносибатҳои консулӣ, рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қатар ба кишварҳои ҳамдигар, вазъи ҳуқуқӣ ва шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қатар ва роҳандозии тадбирҳои муштарак, ки ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва густариши робитаҳои байнимардумӣ мусоидат мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар сурат гирифт.