Ҳамкории бисёрҷонибаиТоҷикистон ва Қатар таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт
Рӯзи 27 декабри соли 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа Хисрав Соҳибзода бо мудири Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Халфон ал-Мансурӣ баргузор шуд.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар ҳошияи СММ ва ниҳодҳои марбутаи он ва инчунин роҳҳои тавсеа ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судмандро дар ҳошияи дигар созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ карданд.
Дар рафти суҳбат ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкории ду кишвар дар ҷиҳати пешбурд ва татбиқи минбаъдаи Ҳадафҳои рушди устувор табодули назари судманд сурат гирифт.
Давлати Қатар ҷонибдории худро аз ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, нақши созанда ва фаъоли кишварамонро дар самти тақвияти фаъолиятҳои СММ ва сохторҳои он баланд арзёбӣ мекунад.