Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии яке аз ойинҳои бостонии мардуми куҳанбунёдамон – ҷашни Сада самимона табрик мегӯям.

Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид.

Мутобиқи тақвимҳои суннатии тоҷикон ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст ва фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ наздик аст.

Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон, эҳёи беҳтарин расму ойинҳои гузашта ва мутобиқ сохтани онҳо ба арзишҳои маънавии имрӯза дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд.

Дар асоси сарчашмаҳои таърихиву адабии ниёгонамон ҷашни Сада рамзи гармиву рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар қувваҳои бадӣ ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ин ҷашнро шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани тарзи оташафрӯзӣ таъсис додааст.

Ба ин хотир, дар тӯли асрҳои зиёд ниёгони мо гулхани оташро рамзи гиромидошти ин ҷашн мешумориданд.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки ҷашни Сада аз давраи пайдоиш ва рушди пешаи кишоварзӣ моҳияти иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо карда, ба яке аз василаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст.

Бо ҳамин сабаб, кишоварзон ин ойини бостониро бештар аз дигар табақаҳои мардум гиромӣ медоранд ва шояд омили то замони мо зинда мондани Сада маҳз марди деҳқон бошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ мо ҷашни Садаро ба ҳайси маросими кишоварзону боғдорон ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ойини сирф мардумӣ таҷлил менамоем ва дар таблиғи ғояҳои неку моҳияти арзишманди он, аз қабили садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ саъю талош меварзем.

Бинобар ин, ба кишоварзони мо дар ин айём зарур аст, ки тухмии хушсифати зироатҳо ва ниҳолҳоро омода намуда, корҳои яхобмонӣ, тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо ва дарахтон, яъне тайёрии ҳаматарафа ба киштукори баҳориро ба анҷом расонанд ва барои ҳосили фаровон замина гузоранд.

Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада низ моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафаро вусъат бахшем.

Бовар дорам, ки кишоварзони мамлакат омодагиро ба мавсими баҳор суръат бахшида, соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта маҳсулоти бештар ба даст оварда, барои беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ, фаровонии дастурхони мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Таъкид месозам, ки ин кор, хусусан, дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони муосир ниҳоят зарур ва муҳим мебошад.

Воқеан, дар ҷашни Сада ба намоиш гузоштани шириниҳо ва хушкмеваҳои маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза боиси ҷалби меҳмонону сайёҳон ва дар баробари ин, воситаи таблиғи заҳмати деҳқонону боғдорон ва ҳунармандон мегардад.

Дар Паёми Роҳбари давлат ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардиданд.

Дар доираи ин панҷсола рушди соҳаи агросаноатӣ ва саноати хӯрокворӣ, махсусан, бунёди корхонаҳои саноатӣ барои коркарди меваю сабзавот ва содироти он ҳамчун бахши муҳимми саноати мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии мо ба шумор меравад.

Ҳамчунин, хотиррасон менамоям, ки ободу сарсабз гардонидани табиати кишвар, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зист аз ҷумлаи суннатҳои ҷашни Сада ба ҳисоб мераванд.

Бо итминон иброз медорам, ки мардуми шарафманди тоҷик ин ойинҳои некро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ идома ва густариш мебахшанд.

Бори дигар ҷашни бостонии Садаро ба ҳамватанони азиз ва хурду бузурги Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат, баракату фаровонӣ ва шодиву нишот орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad