Муаррифии иқтидори агросаноатии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ дар Давҳа (Қатар Агротек-2022)
10 марти соли 2022 дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ (Агротек-2022) баргузор шуд.
Маросими ифтитоҳи намоишгоҳ бо ҳузури Сарвазири Қатар, Вазири шаҳрдорӣ, Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар, роҳбарони ҳайати дипломатии муқими Давҳа ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ ва саноатии Қатар ва дигар кишварҳои хориҷӣ сурат гирифт.
Дар нахустин рӯзи ифтитоҳи 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ (Агротек-2022) Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода суханронӣ намуда, имконият ва зарфиятҳои соҳаҳои агросаноатии кишварамон ва инчунин тадбирҳои мусоиде, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ ва содироти маҳсулоти соҳаҳои мазкур муҳайё намудааст, рӯнамоӣ кард. Дар ин замина таваҷҷуҳи ҳозирин бахусус ба захираҳои бузурги оби нӯшокӣ дар кишвар ва роҳҳои содироти оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои арабии Халиҷ низ ҷалб карда шуд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва ширкати муштараки Тоҷикистону Қатар «QATTAJ», ки бо ибтикори ҷамъияти тоҷикони муқими Қатар таъсис ёфтааст ва бо парвариши дарахтони мевадиҳанда (бо воридоти ниҳолҳо аз Тоҷикистон), гулҳои ороишӣ, боғпарварӣ ва корҳои сабзгардонӣ ва кашидани хатти лулаҳои об ба мазраъаҳо машғул аст, гӯшаи махсуси Тоҷикистонро дар Намоишгоҳ ташкил намуд. Дар ин гӯша маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла анвои меваҳои хушк ва асал аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва гӯлҳои ороишӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Бо наворҳои ҷолиби видеоӣ табиати беназиру биҳиштосои кишварамон, гардишгарӣ, зарфиятҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои агросаноатӣ низ муаррифӣ мешаванд.
Дар рафти ин чорабинӣ 307 ширкати байналмилалӣ аз 46 кишвари ҷаҳон маҳсулоти худро дар бахшҳои кишоварзӣ, обёрӣ, чорводорӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва технологияҳои соҳаи кишоварзӣ ба намоиш гузоштаанд ва боздиди беш аз 10 ҳазор нафар аз Намоишгоҳи мазкур дар назар аст.
Намоишгоҳи байналмилалӣ то 14 марти соли 2022 идома хоҳад ёфт.