Мулоқоти Сафир дар Сандуқи рушди Қатар
22 марти соли 2022 дар Давҳа мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Муовини мудири кулли Сандуқи рушди Қатар (Qatar Fund for Development) ҷаноби Мусфар аш-Шаҳронӣ баргузор шуд.
Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи рушди устувор ва дар ин замина роҳҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро, ки аз аҳамияти миллию байналмилалӣ низ бархурдоранд, баррасӣ карданд.
Сафири Тоҷикистон даъватномаи кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, ба роҳбарияти Сандуқи рушди Қатар тақдим намуд ва омодагии ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистонро барои ҳамкории васеъ бо бунёди мазкур дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавии марбут ба об ва тағйирёбии иқлим таъкид кард.