Иштирок дар семинари минтақавӣ дар Давҳа
24-25 майи 2022 Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба мубориза бо терроризм (UNOCT) дар шаҳри Давҳа семинари минтақавиро дар бораи пешгирии ифротгароии хушунатомез ва мубориза бо терроризмро танзим намуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзида, бо коршиносони UNRCCA, UNCT, Миссияи СММ оид ба кумак ба Афғонистон (UNAMA), Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва марказҳои таҳлилӣ ҷанбаҳои равонӣ, динӣ ва иҷтимоии зуҳуроти ифротгароӣ ва инчунин аҳамияти татбиқи стратегияҳои миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризмро баррасӣ карданд.
Дар рафти чорабинӣ ҳамчунин перомуни таҳаввулоти сиёсӣ ва амниятӣ дар минтақа ва таъсири онҳо ба талошҳои зиддитеррористӣ, усули муосири таҳлили сабабу омилҳои ифротгароӣ ва терроризм ва фаъолияти нерӯҳое, ки аз ин вабои аср пуштибонӣ мекунанд ва инчунин бозгашти ҷангиёни террористии хориҷӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ба кишвари аслии худ, тавонбахшӣ ва барқарорсозии онҳо табодули назари судманд сурат гирифт.