Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷаноби Лю Чжэнмин
18 июни соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷаноби Лю Чжэнминро ба ҳузур пазируфт.
Вазири корҳои хориҷӣ С.Муҳриддин изҳори миннатдорӣ ба Муовини Дабири кулли Лю Чжэнмин барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” намуда, нақши СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ баланд арзёбӣ кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҷории ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои СММ ва инчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъда ва ҳамкориҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар фарҷом Вазир аз сатҳи муносибати муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳовасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи густариши ҳамкориҳои самарабахши бо СММ дар амалисозии барномаҳое, ки барои ноилгардӣ ба ҳадафҳои рушди устувор равона шудаанд, изҳор намуд.