Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири энергетикаи давлати Қатар
Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Вазири энергетикаи давлати Қатар Доктор Муҳаммад Ибни Солеҳ Ал-Сада мулоқот намуд.
Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатарро баррасӣ намуда, дар оянда боз ҳам густариш додани равобити дуҷонибаро муфид арзёбӣ карданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ба соҳаҳои афзалиятноки барои ҳарду ҷониб манфиатовар, аз ҷумла, обу эенергетика ва ғайра таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ буда, дар ин самт то имрӯз барномаву лоиҳаҳои мақсаднок амалӣ гардидаанд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки сол ба сол муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатар густариш ёфта, марҳилаи нав касб менамоянд. Ҷониби Тоҷикистон дар оянда хостори тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба бо Қатар мебошад.
Дар мулоқот густариш бахшидани равобити дуҷониба дар ҳама самтҳои барои ҳар ду давлат муҳим махсус таъкид гардид.