Иштирок дар Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон”
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо умед дорем, ки кишварҳои ҷаҳон дар ҳамбастагӣ муқовимати муассирро бар зидди ин зуҳуроти номатлуб роҳандозӣ мекунанд ва дар роҳи пешгирӣ кардани таҳарруки террористҳо, интиқоли онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар, дарку фаҳмиши омилҳои таҳрикдиҳандаи терроризм, инчунин таҳияи мавқеи ягона нисбат ба мафҳумҳои ифротгароӣ ва терроризм комёб мегарданд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба кори конфронс барору комёбӣ ва натиҷаҳои неку назаррасро орзу карда, изҳори итминон намуданд, ки кишварҳо ва созмонҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, дониш ва таҳкими иқтидори давлатҳо дар мубориза бо терроризм мувофиқи механизмҳои мавҷуда ҳамкории зичро ба роҳ мемонанд.
Сипас, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ва Дабири кулли Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Хелга Шмид бо навори видеоӣ ба иштирокчиёни чорабинӣ муроҷиат карда, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуданд.
Кори Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” дар бахшҳои алоҳида идома ёфта, интизор меравад, ки аз руи натиҷаи кори конфронс “Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” қабул гардад.