Вохӯрии Сафир бо Мудири Маркази молии Қатар
10 январи соли 2023 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Мудири иҷроии Маркази молии Қатар (Qatar Financial Centre) Юсуф Муҳаммад Ал-Ҷайда вохӯрии корӣ анҷом дод.
Ҷонибҳо роҳҳои тавсеи робитаҳоро дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, сармоягузорӣ, рушди тиҷорат ва таъсиси ширкатҳои муштараки саноатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ карданд.