БОЗДИДИ ВАЗИРИ МЕҲНАТИ ҚАТАР АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Имрӯз 06.02.2023 Вазири меҳнати давлати Қатар доктор Алӣ ибн Самих ал-Маррӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд.
Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии муассиса директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафар Сафо, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода ва дигар шахсони масъул истиқбол намуда, ташрифи онҳоро ба Осорхонаи миллӣ хайрамақдам намуданд.
Ба меҳмонон аз ҷониби роҳбалади осорхона бо забони арабӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Тавассути сайри осорхонавӣ меҳмонон оид ба таъриху тамаддуни бузурги миллати тоҷик аз даврони бостон то замони муосир ошно гардиданд.
Таваҷҷуҳи меҳмононро бештар толорҳои намоишии «Саразм» «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Будоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ҷалб намуд.
Ҷаноби Алӣ ибн Самих ал-Маррӣ пас аз тамошои Осорхона ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ таассуроташро қайд намуд.