26 июн-Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъадор. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди афзояндаи майдони кишт ва истеҳсоли он дар Афғонистон нигарон аст
Соли 1987 Ассамблеяи генералии СММ қарор қабул кард, ки ҳамасола 26 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъадор ҷашн гирифта шавад. Аз ин сабаб, ҳар сол дар ин рӯз вобаста ба вазъи кунунии мубориза бо кишт, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор чорабиниҳо баргузор гардида, ҳисоботи оморӣ интишор мешаванд.
Бино ба маълумоти охире, ки Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ интишор кардааст, Афғонистон то ҳол дар рӯйхати кишварҳои истеҳсолкунандаи маводи нашъаовар дар ҷойи аввал қарор дорад. Тибқи маълумоти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, соли 2017 истеҳсоли маводи мухаддир ба 9000 тонна баробар шудааст, ки нисбат ба 4800 тоннаи соли 2016 87% зиёд аст. Сабаби афзоиши истеҳсоли маводи нашъаоварро ба васеъ шудани майдонҳои кишти он вобаста медонанд. Майдони кишти кӯкнор дар Афғонистон ба 328 000 га расидааст, ки дар муқоиса ба 201 000 гектари соли 2016 63% зиёд аст.
Таҳлилгарон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки усулҳои дар роҳи коҳиш додани майдонҳои кишти маводи мухаддир ва мубориза бо гардиши ғайриқонунию паҳншавии он истифодашаванда самаранок нестанд ва барои ҳалли ин мушкилӣ таъсири назаррас гузошта наметавонанд.
Аз ҷумла, директори иҷроияи Раёсати Созмони милали муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов зимни муаррифии хисоботи солона аз раванди афзояндаи майдони кишт ва истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон изҳори амиқи нигаронӣ кард.
«Вақти он расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Афғонистон усулҳои мубориза ва назорати маводи мухаддирро бозбинӣ намоянд. Барои ин мушкили глобалии аср ҳар як миллат дар умум масъул ва ҷавобгар аст»,-бо шиддат ҳушдор дод Юрий Федотов.
Ба андешаи ин масъули Созмони Милали Муттаҳид, афзоиши майдони кишт ва истеҳсоли маводи мухаддир на фақат ба худи Афғонистон, балки ба кишварҳои дигаре, ки тариқи он маводи истеҳсолшудаи нашъаовар ба кишварҳои истеъмолкунанда интиқол дода мешавад, мушкили зиёд фароҳам овардааст.
Ҳарчанд ҳар сол барои маҳви майдони кишти маводи мухаддир тадбирҳо андешида ва маъракаҳо гузаронида мешаванд, аммо самараи он назаррас нест. Масалан, соли гузашта дар 14 вилояти Афғонистон маъракаи маҳви кишти маводи мухаддир баргузор карда шуд, ки зимни он шаш нафар ба ҳалокат расида, ҳашт нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Соли 2016 дар 7 вилоят маъракаи маҳви кишти кӯкнор гузаронида шуд. Аммо тавре мушоҳида мекунем, майдони кишт ва истеҳсоли он нисбат ба соли гузашта боз ҳам зиёд аст. Соли 2016 фермерҳо бар зидди амалиёт оид ба нобуд сохтани майдони кишт ошкоро муқовимат намуда, ба кормандони давлат ҳамла намуданд.
Коршиносон ишора мекунанд, ки раванди кишт ва истеҳсоли кӯкнор дар минтақаҳои қаблан «пок аз маводи мухаддир» низ мушоҳида мешавад. Дар қиёс бо солҳои пешин миқдори умумии вилоятҳо, ки дар онҳо кишти кӯкнор ба қайд гирифта шудаанд, зиёд гардида, аз 21 вилояти соли 2016 ба 24 вилоят расидааст. Пас аз 10 сол дар вилоятҳои Ғазнӣ, Самангон ва Нуристон кишти кӯкнор аз нав ба роҳ монда шуд.
Дар вилоятҳои Тахор ва Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошанд, 5 сол инҷониб кӯкнор кишт карда намешавад. Аммо дар вилояти Бадахшон ва Балх майдони кишти кӯкнор то 10 маротиба афзоиш ёфтааст.
Табиист, ки афзоиши истеҳсоли маводи нашъаовар фурӯши онро низ зиёд мекунад. Арзиши маводи мухаддири соли 2017 дар Афғонистон истеҳсолшуда нисбат ба соли 2016 55% боло рафта, ба 1,39 млрд. долари амрикоӣ баробар шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки қисми калони ин маблағҳо барои маблағгузории амалҳои ҷиноӣ, махсусан террористиву экстремистӣ равона мегардад ва ин сабаби нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.
Аз ин рӯ, имрӯз вақти он расидааст, ки шева ва усули мубориза бо кишту истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бозбинӣ шуда, роҳҳои самараноки он пайдо карда шавад. Яке аз роҳҳои самаранок- ин қатъи ҷанг дар Афғонистон ва баргардонидани мардуми ин давлат ба зиндагии маъмулӣ ва осоишта мебошад. Зеро тавре дар даҳсолаҳои оҳир мушоҳида мекунем, бе қатъи ҷанг ва таъмини осоиштагӣ мубориза бо кишт ва истеҳсоли маводи мухаддир натиҷаи назаррас нахоҳад дод.
Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»