Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ
26 июни соли 2018 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад бахшида ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин кормандони Вазоратро ба муносибати фарорасии ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ, якпорчагии халқи куҳанбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику таҳният гуфта, саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин равандҳои таърихӣ, барқарор шудани сулҳу субот дар кишвар ва боло рафтани обрӯю эътибори байналмилалии он қайд намуд.
Дар таъйиди ин матлаб Вазири корҳои хориҷӣ аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ёдовар шуд, ки бо иштироки беш аз 120 кишвари ҷаҳон баргузор гардид ва аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷикро дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯз ба намоиш гузошт. Ӯ ба кормандони Вазорат таъкид намуд, ки барои пешрафти ояндаи дурахшони давлату миллат, пойдории амнияту субот ва ободиву шукуфоии Ватан бояд ҳамеша дар талош бошанд.