Иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид
20 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
Зимни иштирок дар кори иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд.
Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва таъсири онҳо ба иқтисоди кишварҳо, ташаккули “иқтисоди сабз”, рушди тавлиди “энергияи сабз”, мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, талошҳои муштарак баҳри пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обӣ ва иқлимии сайёра ҷалб карданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити ҳассоси имрӯза ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар замони дигар ба ҳамбастагӣ ва эътимод ниёз дорад.
Терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани “ҷанги сард” ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ таҳдид мекунанд.
Ҳамзамон бо ин, оқибатҳои хатарбори тағйирёбии иқлим — гармшавии шадид, обхезӣ, хушксолӣ, сӯхтор ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин камобӣ ва гуруснагӣ хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.
“Дар ин зимн, саъю талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи ин хатару таҳдидҳо ва расидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи-2030 амри ҳатмӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, мавзӯи ҷаласаи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро зери унвони “Барқарорсозии эътимод ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ: суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор дар самти сулҳ, шукуфоӣ, пешрафт ва устуворӣ” иқдоми саривақтӣ шуморида, аз он истиқбол менамоем”, — таъкид доштанд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Таъсири тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад. Пайомадҳои манфии ин раванд дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз падидаҳои хеле нигаронкунанда мебошанд.
Дар ин зимн Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ба мусоидат дар такмили низоми огоҳсозии бармаҳал, афзоиши сармоягузорӣ ва расонидани кумаки молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ равона гардидааст, аҳаммияти хосса медиҳад.
Обшавии босуръати пиряхҳо, яке аз манбаи асосии оби тоза, андешидани тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла пажӯҳиш, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот ва ҳамкориҳои амиқи байналмилалиро тақозо мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кишварҳои аъзо барои ҳамкорӣ дар қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” изҳори миннатдорӣ карданд.
Аз натиҷаҳои бобарори Конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки татбиқи уҳдадориҳои дар Конфронс гирифтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли дигар масъалаҳои байналмилалии вобаста ба об мусоидат хоҳад кард.
Соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи “Об барои рушди устувор”, ҳамчунин, соли 2025 Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Интизор меравад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ иштироки фаъол хоҳад дошт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар рӯзномаи глобалии об ва иқлим ҷиҳати рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳо ва созмонҳо дар ин ҷода минбаъд низ талош хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки дар шароити муосир ташаккули “иқтисоди сабз” яке аз вазифаҳои мубрами инсоният гардидааст.
Истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад барои рушди тавлиди “энергияи сабз” дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
Вобаста ба вазъи сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон Сарвари давлат оид ба талошҳову ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон, аз ҷумла қабули Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025 ва дар соли 2024 дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Душанбе баргузор кардани Конфронси навбатии байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, андешаронӣ карданд.
Президенти кишвар ҳамбастагии фарҳангӣ, башардӯстона, эътирофи мутақобилаи урфу одат ва эътиқодоти гуногуни ҷомеаи ҷаҳониро таъкид намуданд.
Дар ин ҷода Сарвари давлат қайд намуданд, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои таҳаммулгароӣ ва сулҳу дӯстӣ беҳтарин василаи муқовимат ба иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, таассуб, хушунат, ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоти глобалии сайёра саъю талоши созанда хоҳанд кард.