Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» дар Душанбе

Аз 12 то 14 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар намоишгоҳи «TajBUILD-2023» беш аз 80 ширкати сохтмонии ватанию хориҷӣ аз кишварҳои минтақа ва фаротар аз он иштирок карда, масолеҳи сохтмонӣ, техникаю таҷҳизот, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъмории хешро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Намоишгоҳ абзори муассир барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба миёни намояндагони соҳаи сохтмонӣ маҳсуб ёфта, барои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати пайдо намудани шарикону ҳамкорони нав имкони муносибро фароҳам хоҳад овард.

Маълумоти муфассал дар бораи ҳамоиш ва раванди бақайдгирии иштирокчиён дар пайванди электронии www.tajbuild.tj дастрас мебошад.

 

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad