Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон
8 ноябр дар Қасри миллат дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Дидору гуфтугуҳо аз мулоқоти хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд.
Дар доираи барномаи сафар, зимни мулоқоту гуфтушунидҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардиданд, доираи васеи масъалаҳои мубрами муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангии ду мардуми бародар минбаъд низ барои таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд заминаи мусоид хоҳанд буд.
Ҷонибҳо аз фазои созанда ва тамоюли мусбати муносибатҳои ду кишвар ва тавсеаи муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар ин зимн мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистону Эрон барои густариш ва рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун мавриди таъкид қарор гирифт.
Бо дарназардошти аҳаммият ва нақши муколамаи сиёсии сатҳҳои олӣ ва баланд дар раванди густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба аз идомаи пурсамар ва мунтазами он ҷонибдорӣ сурат гирифт. Дар баробари ин, бештар фаъол гардонидани абзорҳои дуҷониба, иҷрои фарогири санадҳои ҳамкорӣ ва мувофиқаҳои гуногунсатҳ дар ҷодаи дастрасӣ ба ҳадафҳои волои ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони Тоҷикистону Эрон шарти муҳим дониста шуд.
Пешвои миллат тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ва фаъолияти босамари гурӯҳҳои дӯстии ин ниҳодҳоро аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди муносибатҳо арзёбӣ карданд.
Нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва ҷаласаи навбатии он, ки дар назар аст ояндаи наздик дар Душанбе баргузор гардад, дар густариши минбаъдаи равобити миёни ду кишвар мавриди зикр қарор гирифт.
Ҳамчунин, зарурати талошҳои муштарак ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории ду кишвар то соли 2030 таъкид гардид.
Гузашта аз ин, роҳандозии тарҳҳои муҳим дар ҳавзаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак ба нафъи ду ҷониб дониста шуд.
Фаъолияти мунтазами Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорон ҳамчун омилҳои муассир дар ин ҷода муаррифӣ гардиданд.
Ҷонибҳо аз баргузории доимии Форумҳои соҳибкорон ва Намоишгоҳҳои молу маҳсулот дар қаламрави ҳамдигар ба сифати заминаи мусоиди ин раванд ҷонибдорӣ намуданд.
Идомаи ҳамкориҳо дар бахши энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиву офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ҷонибҳо арзёбӣ карда шуд.
Ҷонибҳо аз татбиқи тарҳҳои нақлиётиву коммуникатсионие, ки ду кишварро бо ҳам ва бо шабакаҳои байналмилалӣ мепайванданд, истиқбол намуда, истифодаи зарфиятҳои транзитии ҳамдигарро барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба нафъи ду кишвар донистанд.
Соҳаҳои тандурустӣ ва робитаҳои байни минтақаҳо, ҳамчунин, аз самтҳои ояндадор дар муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон эътироф гардиданд.
Бо ишора ба шароити мавҷуда ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва соддагардонии низоми рафтуомад дар ин замина мусоид унвон гардид.
Ҳамзамон баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар қаламрави ҳамдигар аз омилҳои муҳими рушди ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ арзёбӣ карда шуд.
Дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи хуби ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ алоқамандии ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба изҳор карда шуд.
Дар ҷараёни музокирот ҳамзамон атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва дигар мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифт.
Аз натиҷаи музокирот бастаи нави санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид, ки пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро тақвият мебахшад.