Мулоқот бо Раиси Маркази байналмилалии муколамаи динҳо
10 декабри соли 2023 дар шаҳри Давҳа мулоқоти раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо раиси Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо доктор Иброҳим Солеҳ ал-Наимӣ баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд ва дар ин замина роҳҳои татбиқи амалии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соли 2018 ба имзо расида буд, баррасӣ карданд.
Ҳамчунин атрофи танзими муштараки ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ дар робита ба мавзӯъҳои мубрами рӯз табодули назар сурат гирифт.