Мулоқот бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ

 

21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот карданд.

Дар рафти суҳбат масоили ҳамкорӣ ҷиҳати рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишвар баррасӣ карда шуд.

Баргузории Форумҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” омили муҳими густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба истифодаи имконияту иқтидорҳои бузурги Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, роҳҳои транзитӣ ва бахши сайёҳӣ табодули андеша карданд.

Дар мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо саҳми босазо мегузоранд.

 

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad