Мулоқот бо мунтахаби Тоҷикистон
22 январ дар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар бо футболбозони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол мулоқот карданд.
Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди футбол дар Тоҷикистон, дастгирии давлатии соҳа, оммавигардонии футбол ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон андешаронӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳидоят карданд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳар чи бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва бо дастовардҳои арзанда парчами кишварро дар арсаи олам баланд бардоранд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бори нахуст дар Ҷоми Осиё иштирок мекунанд.
То имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дар гуруҳи “А” шомил мебошад, дар доираи Ҷоми Осиё 2023 бо дастаҳои Чин ва Қатар рақобат карданд.
Шоми рӯзи 22 январ дастаи мунтахаби футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа дар доираи 18-умин бозиҳои футболи Ҷоми Осиё 2023 бо дастаи мунтахаби футболи Лубнон рақобат хоҳад кард.
Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба футболбозони тоҷик барору комёбӣ орзу карданд.