Мулоқоти Сафир бо Мудири иҷроияи Фонди қатарӣ барои рушд

 

27 феврали соли 2024 дар шаҳри Давҳа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Мудири иҷроияи Фонди қатарӣ барои рушд Халифа ал-Куворӣ мулоқот намуд.

Дар рафти суҳбат роҳҳои густариши ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои “иқтисоди сабз” ва “энергияи сабз” баррасӣ шуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мудири иҷроияи Фонд даъватномаи расмиро барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, тақдим намуд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad