Зубайдулло Давлатов, корманди МТС: «Дар Дортмунд анҷуман не, балки нишасте дар як ошхонаи кироя баргузор шуд»

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз баргузории ҷамъомади роҳбарон ва ҷамъе аз пайравони ин ҷараёни тундгаро  дар шаҳри Дортмунди Германия хабар дод. Ин нишаст сабаб гардид, ки роҳбарони гурӯҳи террористии Ҳизби наҳзат шармандагиеро болои шармандагиҳои худ афзоянд. Чаро?

Роҷеъ ба ҳадаф ва воқеиятҳои ногуфтаи ин нишаст котиби матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шореҳу муаллифи барномаи таҳлилии «Соярӯшан»-и радиои «Ховар» Афшини МУҚИМ  бо коршиноси масоили сиёсӣ, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ суҳбат намуд, ки онро манзури хонандагони сомона мегардонем.

— Ба ҷамъомади наҳзатиён аз дидгоҳи коршиносӣ чӣ гуна баҳо додан мумкин аст?

— Аввалан як нуктаро бояд дар назар дошт, ки ҷамъомади дар Дортмунд баргузоргардида — ин аввалин ҷамъомади ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат нест. Чунин ҷамъомадҳои тафриқаангезро шурӯъ аз солҳои қабл аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон наҳзатиён садҳо маротиба баргузор кардаанд. Роҳбарони ин ҷараёни ифротию террористӣ ҳамеша талош мекарданд, ки амалҳои разилонаи худро бо баҳонаҳои «мубориза дар роҳи ислом», «мубориза барои демократия» ва амсоли он пӯшиш диҳанд ва табиист, ки иддае аз мардум фирефтаи чунин «суханони зебо»-и наҳзатиён мегардиданд. Майдони «Шаҳидон»-и солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳз натиҷаи чунин ҷамъомадбозии ин тоифа буд.

Бо гузашти солҳо парда аз рӯи фаъолиятҳои пинҳонкорона ва тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ бардошта шуд ва охирин амали нангини онҳо – даст ба табаддулоти давлатӣ задани яке аз саркардагони ТЭТ ҲНИ- Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бо пуштибонии Муҳиддин Кабириву охундҳои хориҷӣ соли 2015 ба таҳаммули давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нуқта гузошт. Ҳукумат яқин кард, ки новобаста ба дастгириҳои зиёд ҳаргиз ин гурӯҳ аз амалҳои душманонаи худ даст намекашад. Аммо вақте сухан дар бораи ҷамъомади навбатии гурӯҳи террористии наҳзат меравад, вобаста ба ин ман андешаи хоси худро дорам. Наҳзатиён ба ин ҷамъомади худ ба хотири бузург нишон додани сатҳи он «анҷуман» ном ниҳоданд, вале тавре дидем, ин нишасти кӯчак аслан ба анҷуман монанд набуд, балки он як ҷамъомади оилавиро мемонд.

— Чанд рӯз қабл аз баргузории ин ҷамъомад наҳзатиён аз тариқи воситаҳои ахбори омма хабар медоданд, ки ҳудуди 300 нафар дар ин «анҷуман» иштирок хоҳанд кард. Аммо ҳақиқат тамоман чизи дигареро собит мекард. Он ҷо шумораи хеле ками иштирокдорон ба чашм мехӯрд. Ба назари Шумо наҳзатиён бо бузург нишон додани чизҳои кӯчак чӣ мехоҳанд?

— Аслан одати наҳзатиён ин аст, ки фарқи калоне аз сухан то амали онҳо вуҷуд дорад. Ин бори дигар дар ҷамъомади зикршуда собит шуд ва ҳамагӣ ҳудуди 60 нафар дар ин нишаст ҳузур доштанд. Онҳо тақрибан ҳама аъзои як оила буданд, хешу табори Кабириву атрофиёни ӯ. Ин нишаст дар як ошхонаи кироӣ дар Дортмунд баргузор шуд ва дар навору тасвирҳо баръало аён буд, ки ҳатто кӯдаконашон дар он ошхона гаштугузор мекарданд…

— Ҳадафи асосии Кабирӣ аз ин нишаст чӣ буд?

— Кабирӣ нақшаву ниятҳои бузургтаре дошт. Ӯ ният дошт, ки зери роҳбарии худ ҳамаи қувваҳои мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар хориҷ ҳастанд, ҷамъ оварда, эътилофе ташкил диҳад ва худро ҳамчун як «неруи бузург» муаррифӣ намоянд. Аммо дар асл на  ташкилоти террористии «Гурӯҳи 24»,  на гурӯҳи ба ном «озодандешон» ва на дигар гурӯҳҳое, ки аз нақшаҳои манфиатҷӯёнаи ТЭТ ҲНИ бохабар гардиданд, ба ин ҷамъомад ҳамроҳ нашуданд.

Ҳатто бархе аз мухолифини Ҳукумати расмии мо аз ин ҷамъомади наҳзатиён бо лаҳни тунде интиқод мекарданд. Дар ниҳоят, ин ҷамъомад ҳамчун як нишасти навбатии нокоми наҳзатиён ба анҷом расид.

— Яъне нишасти Дортмунд собит сохт, ки дигар ба наҳзатиён ҳатто худи мухолифон бовар надоранд?

— Бале. На танҳо гурӯҳҳои алоҳида, ҳатто пайравонашон дигар ба Кабириву наҳзат бовар надоранд. Маҳз дар ҳамин шароит Кабирӣ маҷбур шуд, ки чанд гурӯҳи пароканда ва афроди алоҳидаро дар хориҷ атрофи худ муттаҳид намояд ва боз ҳам «салтанат»-и худро идома диҳад. Зеро вақте хоҷагони наҳзат, махсусан охундҳо ва дигар ташкилотҳое, ки аз сиёсатҳои духӯраву дугона сарукор мегиранд, мебинанд, ки ин гурӯҳ дигар ҷараёнҳоро атрофи худ муттаҳид месозад, ӯро бештар аз лиҳози молӣ дастгирӣ мекунанд.

— Агар чунин аст, пас чӣ гуна пайравони наҳзат ба суханони Кабирӣ дар боби ватандӯстӣ, махсусан шиораи дӯстдоштаи ӯ «Мо барои Тоҷикистон…» бовар кардаанд?

— Ман болотар ишора кардам. Кабирӣ ба хотири манфиатҳои шахсиву оилавии худ ба чӣ корҳое даст намезанад. Кабирӣ агар дар ҳақиқат Ватанро дӯст медошт, ҳаргиз манфиатҳои шахсии худро аз манфиатҳои милливу давлатӣ боло намегузошт. Кабирӣ худро мухолифи Ҳукумат муаррифӣ мекунад, дар ҳоле ки ӯ ҷинояткор аст. Маънои мухолифин ё оппозитсия ин нест, ки яроқ гирифта, ба муқобили Ҳукумат мубориза барӣ. Агар дили мухолиф ба давлату миллат месӯзад, пас бояд таклифҳои худро барои рушди минбаъдаи ҷомеа пешниҳод намояд…Мутаассифона, Кабириву ҳаммаслаконаш аз мухолифати таҳаммулпазирона ва осоиштаву созанда фарсахҳо дуранд.

— Дар ҷаласаи ахири ТЭТ ҲНИ Кабирӣ пешниҳод кард, ки бояд эътилофи наве таъсис дода шавад, ки дар он на номи ислом бошаду на номи наҳзат. Ин тағйири мавқеи сиёсист, ё найранги навбатӣ?

— Дар ибтидо наҳзатиён гумон доштанд, ки беш аз навад дарсади аҳолии Тоҷикистон мусулмонанд ва онҳо ҳатман бо андешаву мавқеи сиёсии роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ҳамоҳанг хоҳанд буд. Дар ҳоле ки ҳарчанд дар аввал наҳзатиён гурӯҳе аз мардумро бо ин тарғиботи худ фирефта сохтанд, аммо дар марҳилаҳои баъдӣ мардуми мо дарк намуд, ки мусулмон будан ин маънии онро надорад, ки шахс бояд ҳатман аъзои ҳизби наҳзат бошад. Аммо чун ба суоли додаи Шумо баргардем, вақте дилхоҳ ҳизб ташкил меёбад, мақсади асосии он ба даст овардани ҳукумат аст.

Маълум аст, ки ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат аз ҷониби кӣ маблағгузорӣ мешавад. Агар Кабирӣ ба ташкилоти худ боз сад номи дигар эҷод карда, гузорад, ҳамоно асли моҳияти фаъолияти наҳзатро маҳз тарғиби ғояҳои инқилоби исломӣ ташкил хоҳанд дод. Зеро ба ин кор бевосита хоҷагони хориҷии Кабирӣ ҳавасманданд. Ин ҳамаро Кабирӣ ошкор гуфта наметавонад. Зеро мардуми Тоҷикистон ҳаргиз ҷонибдори бунёди давлати исломӣ нестанд.

Бале, мо мусулмонем. Аммо бори дигар таъкид менамоям, ки мусулмон будани мо маънии инро надорад, ки мо ҳатман бояд давлати исломӣ созем. Аз ин хотир, пешниҳоди навбатии Кабирӣ дар робита ба тағйири номи ҳизб низ ҳамоно фиреби назар боқӣ мемонад.

— Ҳоло ТЭТ ҲНИ фаъолиятҳои пинҳонии худро дар кишварҳои хориҷ ба роҳ мондааст. Оё имрӯз гуфта метавонем, ки гурӯҳи террористии Ҳизби наҳзат ҳанӯз ҳам барои ҷомеаи мо хатарнок аст?

— Дар маҷмӯъ, ТЭТ ҲНИ қувваи сиёсие нест, ки барои давлати Тоҷикистон хатари бузург дошта  бошад. Аммо чанд хатаре ҳаст, махсусан хатари ғоявӣ. Аз ин лиҳоз, агар мо имрӯз пеши роҳи ин хоинони давлату миллат ва дину мазҳабро нагирем, агар дар сангарҳои зеҳнӣ бо онҳо мубориза накунем, онҳо ақидаҳои заҳрогини худро дар зеҳни бархе аз ҷавонони ноогоҳ ҷой карда метавонанд, ки ин омил метавонад паёмадҳои ҷиддие дошта бошад.

Ва табиист, ки дар ин мубориза бояд тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамдасту ҳамандеша бошанд ва фаромӯш накунанд, ки ин ҳизби ифротиву террористӣ ҳаргиз рушду пешрафти моро намехоҳад. Ҷиноятҳои содиркардаашон онҳоро маҷбур сохта, ки марзи аҷдодиро тарк гуфта, аз таъқиби ҷазо ба кишварҳои дури дур фирор кунанд…

 

Афшини МУҚИМ,
АМИТ «Ховар»

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad