Мулоқот бо Амири Давлати Қатар
Рӯзи 20 марти соли 2024 Амири Давлати Қатар волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ раҳбарони ҳайати дипломатии муқими Давҳаро дар қасри Лусайл ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ба ҳузур пазируфт.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода ба Амири Давлати Қатар ва мардуми кишвари дӯст табрику таҳният ва орзӯҳои неки Пешвои миллатро расонид.