Мулоқоти сафир бо муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар
10 сентябри соли 2024 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар Муҳаммад бин Аҳмад бин Тувар Ал-Куварӣ доир гардид.
Зимнан, ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ, биносозӣ, аз ҷумла сохтмони марказҳои савдою тиҷоратӣ ва барқарор намудани робитаҳои зич бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.