Иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ”

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ҳукумати Давлати Қатар барои пазироии гарм ва фароҳам овардани шароити мусоиди баргузории Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё изҳори сипос карданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишасти мазкурро заминаи муҳими муошират ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар тамоми самтҳо, ки дар чаҳорчуби Муколамаи ҳамкории Осиё муайян шудааст, аз ҷумла масоили рушди варзиш, ташаккули зербинои он, тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи дурусти насли ҷавон ҳавасманд мебошад.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз руи он қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ёдовар шуданд.

Аз кишварҳои Осиё даъват намуданд, ки бо назардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои ғании миллии худ, ба эҳёи намудҳои гуногуни варзиши миллӣ, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор кардани аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ва Мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон ва наврасонро тадбирҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наслҳои оянда номиданд.

Таъкид гардид, ки кишвари мо “Дипломатияи варзишӣ”-ро, дар баробари дигар самтҳои ҳамкорӣ, ҳамчун василаи мусоид барои рушди устувор, таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва дар маҷмуъ заминаи муносиб барои иҷрои Дидгоҳ оид ба ҳамкорӣ дар Осиё дар давраи то соли 2030 медонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкориро ба масоили баргузории пайвастаи чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ бо ҷалби бештари ҷавонони минтақа ҷалб намуданд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки ба мақсади тақвияти раванди табодули таҷрибаи пешқадам ва коркарди чорабиниҳои муштараки варзишӣ миёни бошишгоҳҳои варзишии кишварҳои аъзои Муколама тамосҳои кории доимӣ барқарор карда шавад.

Сарвари давлати мо бо итминон изҳор доштанд, ки рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаи варзиш ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин раванд, дар баробари тадбирҳои дигари мубориза бо терроризм, метавонад монеаи боэътимод дар ин самт бошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба масъалаҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тавсеаи бозори тиҷоративу молиявӣ дар Осиё ва таҳкими рақобатпазирии иқтисодии ин минтақаи фарохи олам дар бозори ҷаҳонӣ андешаронӣ намуданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad