Мулоқоти сафир бо сардори Сарраёсати авиатсияи граждании Қатар
5 декабри соли 2024 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо сардори Сарраёсати авиатсияи граждании Қатар Муҳаммад Фалеҳ Ал-Ҳаҷрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба авиатсияи гражданӣ, бахусус ифтитоҳи парвозҳои мустақими байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа ва дар оянда мунтазам ба роҳ мондани парвозҳо дар масири мазкур ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба таври васеъ баррасӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки айни замон парвозҳои мустақим дар масири Душанбе-Давҳа-Душанбе ба инобати иҷрои парвозҳо аз ҷониби ширкати ватании мо, Сомон эйр, ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе идома дорад.
Зимнан, ҷонибҳо иқдомҳои минбаъдаро доир ба рушди ҳамкориҳо дар самти мазкур мушаххас намуданд.